БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташвиқу тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар маҳал

ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирўз Пиров дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо истиқоматкунандагони деҳаи Таги намаки ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ гузарониданд.

Зимнан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сафарбар намудани сокинон баҳри тадбиқи амалии он , дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо маҳсули дастони ҳунармандони деҳаи Таги намак шинос шуда, ба онҳо барои сайқал додани  касбу ҳунарҳои мардумӣ муваффақиятҳо таманно карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg