
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар шуъбаи молияи ноҳия доир гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ Маҳмадсаид Раҷабзода вобаста ба ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар самти иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаю чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.
Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид кормандони шуъбаи молияи ноҳияи Темурмалик Султонов Баҳриддин ва Абдуллоев Раҷаб андешаҳои худро баён карданд .
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ Раҷабзода Маҳмадсаид аз иштирокдорон даъват намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ ва татбиқгари сиёсати давлат маълумотҳои аз хониши сиёсӣ гирифтаро дар байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб намоянд ва ҳамкориро бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик зичтар намоянд.