БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрии судманд ҷиҳати ташаккули мафкураву маънавиёти ҷомеа аз ғаразҳои нопоки гуруҳҳои ифротӣ ва масъулияти раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони ҳизбӣ дар ин самт

ПАНҶ. Бояд қайд кард, ки рушду пешрафти ҳар як ҷомеа аз сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва андешаву маънавиёти созандаи он вобоста аст.

Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти солими ҷомеа аз хатарҳои ҷаҳони муосир вохӯрии Раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолони ҳизб дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон кушода мақсаду мароми ҷамъомадро ба ҳозирин шарҳ дода,суханро бо камоли эҳтиром ба раиси Кумитаи иҷроияи вилоят Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ доир ба вазифаҳои ҳар як шаҳрванд дар самти татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Паёмҳои қаблӣ пурра ба манфиати халқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст. Дар Паёмашон Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҷаҳони пуртазоди муосир ва бархурди тамаддунҳо василаи муҳиме барои эҳё ва муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик мебошад.

Дар баробари ин дар доираи Соли тақвияти робита бо маҳал Раҳмонзода Абдулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ истифодаи сарфаю сариштакоронаи нерӯи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз фарҳанги бегона, истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва ғайра суханронӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳтавои бештари ин вохӯрӣ иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамалакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати бобарорашон ҷиҳати таъмини рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бармеоянд, равона карда шуда  буд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин вохӯрии судманди раиси Кумитаи иҷроияи вилоят дар баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва гузаштаи пурифтихори хеш таъсири амиқ расонида, умед ва андешаи ҳар як иштирокчиро ба фардои дурахшони кишвар в асиёсати созандаи Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар намуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg