![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/2626527725725472.jpg?itok=5jhq7R9T)
Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷавдвали тасдиқгардида вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва фаъолони ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид. Дар мулоқот раиси ноҳия Садриддинзода Нуриддин Талбак иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ оид ба фаъолияти таблиғотии Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон, масъулин, аъзои гурӯҳҳои таблиғотӣ, ҷамъияти таблиғотии фарҳанги сиёсӣ ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ баромад намуда, роҳҳои сафарбар намудани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкориро фаҳмонид .
Инчунин оида ба эълони озмунҳои ҳизбӣ ва баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҳозирин маълумоти зарурӣ дод.