МУЪМИНОБОД. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо кормандони соҳаи маъорифи ноҳия хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши фарҳанг» Н.Аврангов иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро баён кард.
Дар хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ андешарони сурат гирифт.
Чунин чорабиниҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия идома доранд.