БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи фарҳангу асолати миллӣ вазифаи ҳар яки мост!

ЛЕВАКАНТ. Бо назардошти Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли тақвияти робита бо маҳал дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Истиқлол»  чорабинии фарҳангӣ-сиёсии ҳизбӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Сокинони маҳал ҳунарҳои мардумӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, корҳои хонагиро омода намуда, ба намоиш гузоштанд.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷаъфар иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазифаҳои аҳли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва аҳамияту моҳияти таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал суханронӣ намуд.

Дар рафти чорабинии мазкур ба як қатор фаъолон Ифтихорномаҳои ҳизбӣ ҳадя карда шуда ба 12 нафаре, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карданд,  билетҳои ҳизбӣ  супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg