
КӮЛОБ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои таърихию давлатӣ ва амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар деҳаи Олтоули ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Сайдаҳмадова Латофат иштирок ва аз рафти намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони деҳаи мазкур дидан намуданд.
Валиева Саъбагул ба сухан баромада, қайд кард, ки барои амалӣ гардидани дастурҳои Сарвари давлат дар ростои эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо кормандони масъули ҳизбӣ зарур мешуморем, ки миёни ҷомеа ҳамингуна ҷорабиниҳоро роҳандозӣ намоем.
Инчунин, мавсуф зимни баромад ёдрас шуд, ки бо мақсади истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ сокинонро ҳавасманд намудан яқ қатор озмунҳоро Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ҷумла, наққоши беҳтарин, беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарин таҳиякунандаи “Армуғони хатлонӣ”, “Маликаи Хатлон”, “Тарроҳи Хатлон” ва беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал эълон кардааст. Баъдан ба иштирокчиён шартҳои озмунҳоро аз рӯи Низомномаи он шинос намуд.
Дар ҳамин замина аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмунҳои мазкур фаъолона ширкат намоянд.