
ҚУБОДИЁН. Бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия ва бо аҳли зиёи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб ва муовини раиси ноҳияи Қубодиён Тоҷинисо Шарифова иштирок карданд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, тарзи корбариву коргузории ташкилотҳои ибтидоӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар нимсолаи аввали соли 2018 суханронӣ намуд.
Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ андешаронӣ карда, кайд намуд, ки ҷавонон бояд бо нерӯи созанда ва кору фаъолияти хуби худ баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар, боз ҳам ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳгузор бошанд. Ба эътимоду боварии Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро қувваи азими пешбарандаи ҷамъият пиндоштаанд, сазовор гардида, баҳри пешравии Ватани азизу маҳбубамон- Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Инчунин дар идомаи суҳбат Раҳмонзода Абдулло оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст намудани сатҳи камбизоативу бекорӣ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода баҳри ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарф зада, афзуд, ки истиқлолу озодӣ барои мо дастоварди гарону боарзиш аст.