БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташббусҳои фарҳангӣ дар доираи аксияи “Якҷоя ҳал мекунем!”

ЁВОН. Дар воқеъ эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина эълон гардидани Аксияву озмуну ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлолро водор намуд, ки дар эҳёи суннатҳои марумӣ ва фарҳангу асолати ҳазорсола саҳм гузорад.

Бо ин мақсад дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳия  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва эълон гардидани Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Зафармандон» ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg