БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кормандони соҳаи тиб на танҳо дар раванди табобат, балки дар самти пешгирии бемориҳо низ масъулияти баланд доранд!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ёрии таъҷилии тибби » тибқи ҷадвали баргузории хонишщои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан   ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ Раҷабализода Парвиз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб аз ҷумла баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки паҳншавии босуръати бемориҳои сироятиӣ имрӯз ба масъалаи муҳими иҷтимоии чомеа табдил ёфтааст.  

Ҳамчунин кайд намуданд, ки мавҷудоти сироятовар ба организм ба воситаи ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пӯст дохил шуда, афзоиш меёбанд ва фаъолияти онро халалдор месозанд. Тобистон бемориҳои сироятӣ бештар паҳн мегарданд. Дар мавриди бемориҳои сироятии роҳҳои нафас (грипп, сурхча ва ғайра) ангезандаҳо дар вақти гуфтугӯ, сулфа ва атса задан паҳн мегарданд. Онҳо ба организми одами солим бо роҳи нафас ворид мешаванд.

Баъзе бемориҳои сироятии роҳи нафас, масалан зуком дар байни одамон зуд паҳн мешаванд. Бинобар ин, дар мавсими хурӯҷи зуком ҳангоми сулфидан ё таб кардан, беморро дар хона нигоҳ дошта, духтурро даъват кардан лозим аст.

 Мақсад аз баргузории чунин чорабини пеш аз ҳама неруи кории кормандони соҳаро ба суйи пешгиии бемориҳои сирояти дар ҷомеа равона сохтан арзёби карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg