Ҷ.БАЛХӢ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди маҳал чорабиниҳои рангину ҷолибро баргузор намуда истодааст. Бо ин мақсад бо иштироки сокинон дар маҳаллаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок намуда, аз намоиши ҳунармандони маҳал дидан кард.
Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Пешвои миллат, яъне эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таккони ҷиддие бахшид барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти кишвар.
Дар охир сокинон вобаста ба моҳияти эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.