ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Нафт»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод бо масъулин ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ Фарҳод Обидов қайд карданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат роҷеъ ба масъалаҳои муҳим, аз қабили касбомӯзӣ ва шуғли аҳолӣ, нақши ҷавонон дар пешрафти Ватан, дастовардҳои варзишгарони кишвар, ҳолатҳои коррупсионӣ бобати истифодаи замин, ба хизмати давлатии мақомотҳои худидоракунии шаҳраку деҳот ҷалб намудани шахсони донову ботаҷриба, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», авҷ гирифтани терроризму экстремизм ва таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ ва шаҳраку деҳот сухан рафта, аз шаҳрвандон, бахусус аз ҳизбиён даъват шудааст, ки бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар оянда мушкилоти ҷомеа ва давлатамонро бартараф карда ба мардум шароити боз ҳам беҳтару хубтарро фароҳам созем.
Фарҳод Обидов дар фарҷоми баромади худ оид ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеъи КИМ ҲХДТ гузориш дода, қайд кард, ки аз супоришҳои мушаххас дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳия ва вилоят оид ба масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, таҳкими мавқеъи ҳизб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии аъзои ҳизб, риояи интизоми дохилиҳизбӣ, фаъолияти таблиғотӣ, қабул ба сафи ҳизб, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳарф зада, ба суолҳои ҳозирин дар ин росто посухҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин аз фурсати муносиби кори истифода карда хозиринро аз ғаразҳои нопоки террористону экстремистони наҳзатӣ огоҳ сохт.