ҚУБОДИЁН. Эҳёи анъанаҳои неки миллӣ ба ҳамзистиву ҳамсоядорӣ, дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамдигар дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, бартараф намудани нофаҳмиҳо ва пойдору солим нигоҳ доштани фазои оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷавонон аз амалҳои ношоиставу шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои номатлуб мусоидати фаъол менамояд.
Бо ин мақсад дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Садриддин Айнии ҷамоати деҳоти Тахти Сангин бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин бо занони хонашину ҳунарманд чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Дар он занони ҳунарманди деҳа ҳунарҳои худро, аз қабили қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои гилембофиву сӯзанидӯзиро ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ин намуди ҳунар омодагии худро баён намуданд.