АНДЕША. Ашки резон, дилҳои фигори ҳазорҳо хурду калон, чашмони деринтизори модарон, гуруснагӣ, даҳшат, тарс, хунрезӣ, бародаркӯшӣ, хисороти 10 миллион доллар ба буҷаи давлат… ин ҳама пасмондаи амалҳои хиёнаткоронаи роҳбарони ТЭТ ҲНИ аст, ки дар таърихи миллати тоҷик чун захми бедавое абадӣ боқӣ хоҳад монд. Наҳзатиҳои лаънатӣ замоне миллати тоҷикро ҳамчун миллати бародаркуш дар дунё шарманда карданд, аммо билохира бо амалҳои нангинашон худашон шармандаву радди маъракаҳо гашта истодаанд.
Бо ин ҳама ҷиноятҳои нобахшиданӣ, ки ба касе пӯшида намондааст ва баъзе аз саркардагони ин ҳизби хунхору хунталаб худ ба амалҳои зидди давлату миллат анҷомдодашон иқроранд, нигоҳ накарда, роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш аз дур ба роҳбарони давлат ва миллат санги маломат меандозанд. Занге, ки аз осмон боз гашта ба сари худашон зада истодааст.
Ҳамоиши пурғаразонаи ин нохалафҳо дар шаҳри Дортмунди Олмон бори дигар собит кард, ки онҳо ҳоло ҳам аз мақсади нопоки худ баргаштанӣ нестанд.
Медонед чаро ҷамъ омаданд? Молу амвол ва салтанати аз дохил ва хориҷ ба даст оварда ва ба якборагӣ аз даст рафта ба ёдашон меояду дилашон хун мешавад. Ғаму андӯҳ онҳоро ба куҷоҳое намебарад. Тасаввур кардан мушкил аст, ки онҳо шабро чи тавр рӯз мекунанду рӯзро чи тавр шаб. Аз қаҳру ғазаб мекӯшанд, ки ба кадом роҳе набошад айберо ба давлату миллат бор намоянд. Азбаски аз ҳама ҷо ронда шудаанд, ин навбат чун сагони буйгир дар шаҳри Дортмунд аз ҳар канор ҷамъ омаданд. Магар наҳзатиҳо осоиштагии Тоҷикисторо мехоҳанд? Ҳаргиз! Онҳо мехоҳанд ба кадом роҳе набошад ваҳдату сулҳи пойдори Тоҷикистонро халалдор созанд. Ҳеҷ набошад давлати Тоҷикистон ва роҳбарони онро ба дигарон ба таври манфӣ, чи тавре дили онҳо мехоҳад, муаррифӣ намоянд. Зеро дар вуҷуди онҳо заррае муҳаббат ба Тоҷикистон ва мардуми он намондааст.
Ба роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ гуфтанием, зӯри беҳуда миён мешиканад, гарчанде миёни туву ҳизби дуруғинат кайҳо шикаста, обурӯяш чун ҳизби хунхор , масабталаб, ғуломи хоҷагони бегона рехтааст, таъкидан мегӯем, ки оқибат гардани худро низ дар зери бори хиёнат мешиканед.
Ба маълумотатон мерасонем, ки зиндагии мардуми Тоҷикистон рӯ ба беҳбудист. Имрӯз дар ҳар як хонадони Тоҷикистон садои ханда ва мусиқӣ танинандоз аст. Мардум ҳаёти осоиштаи худро ба он рӯзҳои сиёҳи солҳои навадуми асри гузашта, ба наҳзатиҳо иваз намекунанд!
Ба онҳое, ки ноогоҳона ва надониста аз дунболи наҳзатиҳо мераванд, гуфтанием, ки ба гуфтаю кардаашон бовар накунанд. Зеро эшон ба ғайр аз манфиати худ ҳамаро пушти по задаанд.
Сайҷалол САТТОРОВ – корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг