ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои банду басти ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муасссиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷори аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Қарашувоқи ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳия вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии сиёсию фарҳангӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира иштирок дошта, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва роҳандозии Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.
Инчунин, зимни баргузории чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки аз ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ иштирокдорон дидан карда ба сокинони ҳунарманди маҳалла баҳои баланд доданд.