Ш.ШОҲИН. Миллати тоҷик аз қадиммулайём дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ буда, ҳамчун миллати сулҳдӯст, саховатпеша эътироф гардида, бо Ибни Синою, Шайх Саъдӣ, Хайёму садҳои дигар маъруфу машҳураш мешиносанд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Хоҷағалтон суҳбату чорабини атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор намуданд.
Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим кушода, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ намуд.
Дар ин раванд инчунин Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба иштирокдорон шинос карда шуда таъкид карда шуд, ки бо иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми корҳои хайру сахо дар рушду нумуи ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошед.