А.ҶОМӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пайваста вохӯриву мулоқотҳо баргузор гашта истодаанд.
Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шарифобод»-и ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Суннатулло Ашӯров атрофи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ вохӯрӣ доир карда шуд, ки ба иштирокдорони он писанд омад.