ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Озодӣ 1-и ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон бо мақсади паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов бо сокинони фаъоли деҳа доир гардид.
Зимнан кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба масъалаи ба миёнгузошташуда, муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади руҳбаландии хоҷагидорон чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзии дастранҷи деҳқонон доир карда шуд, ва бовари ҳаст. ки деҳқонон ба шавқ омада, маҳсулоти кишоварзиро бештар истеҳсол менамоянд ва дар рушди иқтидори содиротии кишвар саҳм гузоранд.
Дар фарҷом масъулин ба суолҳои ҳозирин вобаста ба масъалаи ҷойдошта ҷавобҳои амиқ гардониданд.