БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ вазифаи ҷонии кишоварзон аст!

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали мувофиқашуда оид ба баргузории  мулоқоту вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соои 2018 дар ташкилоти ибтидоии “Идораи кишоварзӣ”-и ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Масъулин зимни суханронӣ оид ба  вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ, сафарбар намудани  мардум ба корҳои созандагӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кишоварзӣ андешаронӣ карда,  қайд намуд, ки Сарвари давлат  дар назди мо кормандони ҳизб вазифа гузоштанд, ки ҳамеша мардумро роҳнамо бошем ва дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои мубрами рӯз ба онҳо кӯмак расонем.

Дар маҳалҳо  оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ, ба шуғли хонагӣ ҷалб кардани ҷавонон, бахусус занону духтарон ва истифодаи заминҳои корам чораҳо андешем.

Хониши сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ба саволҳои иштирокдорон масъулин ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg