ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матлубот» бо аъзову кормандони ҳизбӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Нахуст Азизова Сабоҳат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли тақвияти робита бо маҳал ва ба дарки ҷомеа расонидани хавфу хатарҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ андешаронӣ намуда, онҳоро барои аз даст надодани ҳушриву зиракии сиёсӣ, фирефта нашудан ба ақидаҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ раҳнамоӣ кард.