ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Боронов Сабзаалӣ ва Раҷабов Ҷаҳонгир бо кормандони Маркази назорати санитарию эпиидемологии ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ дар мавзӯъи ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тозагии санитарию эпидемологӣ» баррасӣ карда шуд.
Боронов Сабзаалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тозагии санитарию эпидемологӣ» муфассал андешаронӣ намуд.
Доир ба суханронии мавсуф кормандони Марказ Кавгов Муслиҳидин ва Иззатов Шукрулло андешаҳои худро баён карданд.
Дар охир масъулин аз иштирокдоронро даъват намуданд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсӣ гирифтаи худро дар байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб намоянд.