ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар оғоз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, иброз доштанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ҷавононро мебояд фаъолияти худро танҳо баҳри ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ризояти миллӣ ва руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз доштани чунин кишвар, роҳбар ва Пешвои сулҳофар, ки амалҳояш амният ва гарави ҳама гуна пешравиҳост, равона созанд. Дар ин росто, бо пешниҳоди Сарвари хирадманд соли 2018 дар кишварамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки ин имтиҳони навбатӣ барои санҷиши ташаббускории ҷавонон дар роҳи созадагиву бунёдкорӣ мебошад.
Мавсуф баъдан зимни суханронӣ оид ба тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ миёни ҷавонон гуфта гузашта, қайд намуд, ки ин масъала кори мавсимӣ набуда, балки пайваста дар ин самт корбариро талаб менамояд.
Фаъолони ҷомеаро мебояд, ба ҷавонон ин нуктаро фаҳмонанд, ки хизмат ба Ватан-Модар, ҳимояи марзу буми он қарзи фарзандии ҳар як ҷавонони бонангу номуси кишвар буда, он мактаби ҷасорату ватандорӣ ва мардонагӣ мебошад.