БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фазои Тоҷикистон аз баракати суботу оромӣ пур аз тантанаҳои фарҳангиву амалҳои созандагист!

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита бо маҳал эълон гардидааст дастгирӣ намуда , ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро аз барномаи ҳизбу самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно гардонида истодаанд.

Бо иштироки,  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара, масъуликумитаи амнияти ноҳия Комилзода Илҳом  ва инчунин бо иштироки мардуми деҳаҳои Саъдӣ Шерозӣ ва Ғозималик  мулоқот баргузор гардид.

Масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафарбар  кардани сокинон бо сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавридӣ хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия  бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикорупсионӣ дар онҳо, фаъол гардонидани аҳолӣ  дар самти мубориза  ба нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун зуҳуротӣ  хатарзо  ба амнияти миллӣ ва ҳаёти омоиштаи  шаҳрвандон, дуруст сафарбар кардани  корҳои хайру сахо ба хотири  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон  ва ҷалби  бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, ва корҳои хонаю ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи  эълон кардани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ба хотири паст кардани  шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои  неки мардумӣ  дар  байни сокинон  бо мақсади тарбияи  ахлоқию маънавии ҷомеа вохурӣ гузарониданд.

Инчунин,  дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ, ҳунарҳои кадбонугӣ, истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзони деҳа ба маърази тамошо гузота шуда буд, ки писанди ҳозирин гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg