БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Заҳматҳои Пешвои миллат мояи ифтихор ва намунаи ибрат барои мо ҷавонон аст

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шавқат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шавқат” Абдуалимов Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва мо ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Зеро аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун Сарвари давлат ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созандагиву бунёдкори кӯшиш менамоянд.

Дар навбати худ ҷавонон баромад намуда, гуфтанд, ки мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва бо пайгирӣ аз ин сиёсат кӯшиш менамоем, ки дар роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ баҳри ободии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дошта бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg