БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ғизои маънавӣ мебахшанд!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар доираи амалигардонии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади намоиш ва пешкаш кардани  ҳунарҳои мардумӣ, бо масади ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, ривоҷу равнақ додан ва эҳёи намудани анъанаҳои миллӣ дар деҳаи  ба номи С. Худойқулови ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия чорабинии фарҳангӣ ва намоиши  ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур ҳунарҳои мадуми аз қабили қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ  ба намоиш гузошта шуданд, ки аз тамошои он иштирокдорон ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Дар ин чорабини кормандони масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва атрофи  рушди ҳунарҳои мардумӣ,  таъсиси ҷойҳои  нави корӣ дар хона, ба ҷавонон омӯзондани касбу ҳунарҳои миллӣ ки аз қадим  ба мо меърос мондаанд,  аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву  камбизоатӣ андешаронӣ намуданд.

Инчунин дар идомаи суҳбат масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , Соли тақвияти робита бо маҳал  ва  рафтору амалҳои муғризонаи  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ карда, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg