МУЪМИНОБОД. Бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи А.Партоеви ҷамоати шаҳраки Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохғрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва намояндаи ҷамоати шаҳраки Муъминобод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри неъматҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони кӯча, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ аз наздик дидан намуда, ба ҳунару маҳорати волои занону бонувони ҳунарманд баҳои баланд доданд.