ЁВОН. Чанде қабл дар деҳаи Бӯстон 1-и ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Меҳр»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташкил ва баргузор гардид. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳр» дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳаи Тағойободи боло ташкил гардида буд.
Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.