ДАНҒАРА. Дар доираи татбиқи босифати бандҳои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва масъалагузориҳо нисбати фаъолияти кормандони масъули Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоатҳои деҳот маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад, мудирони шуъбаҳо, раисони Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва кормандони масъули ҳизбӣ доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва иҷрои босифати бандҳои нақшаи корӣ, пайваста гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ байни аҳолӣ ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи зиндагии сокинон, тавсияҳои муфиди корӣ дода, аз онҳо баҳри иҷрои саривақтии хизмати содиқона ва софдилона ба халқу давлат даъват ба амал овард.