БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо мардуми тоҷик меъроси аҷдодиамонро ҳифз мекунем

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ тибқи нақша-чорабинию хонишҳои сиёсӣ дар нимаи дуюми соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ , Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки сокинон чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимнан муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза қайд намуд, ки насли ҷавони кишвар аз ин иқдоми Пешвои миллат сипосгузоранд, зеро мо метавонем ҳунарҳои миллиро рушди тоза бахшида, тавассути дастранҷи бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем.

Мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур ин эҳёи корҳои хонагӣ ва бо ин васила паст кардани шиддати бекориву камбизоатӣ ва рушди иқтисодиёти ҷомеа мебошад.

Инчунин дар идомаи суҳбат кормандони масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Восеъ дар назди ҷамъомадагон  оид ба Соли тақвияти робита бо маҳал ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg