ВАХШ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Ҷалилов Исмоил дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Роҳи нав"-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод ҷамъомад вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" доир карда шуд. Дар рафти чорабинӣ Нуралиева Мадина зикр кард, ки риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҳар як падару модар маҳсуб ёфта, дарки масъулияти бештарро тақозо дорад.
Бинобар ин, волидайнро мебояд дар таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳушёр бошанд, то онҳоро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, шомилшавӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва амсоли онҳо боздоранд.