БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Экстремизм ва терроризм падидаи номатлуб дар ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши ҷавонони шаҳр» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан   ширкат варзиданд.

Зимнан Раҷабализода Парвиз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб аз ҷумла муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм экстемизм ва пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки масъалае, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

Боиси таассуф аст, ки алҳол дар давлатҳои ҷангзадаи Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Сурия гурӯҳе аз ҷангчўён, ки миёнашон бархе аз ҷавонони гумроҳи   мо низ ҳастанд. 

Ҳамчунин масъулин қайд доштанд, ки ҷавонон на танҳо маҷозан ояндаи миллат мебошанд, балки созандагони ҳақиқӣ ва воқеъии миллат, соҳиби ин сарзамин, нигаҳбони марзу буми кишвар, муҳофизи обрӯ ва номуси занон, эҳёгари анъана ва урфу одатҳои гузаштагон ва дар маҷмӯъ посбони номусу нангу ори тоҷик бошанд ва битавонанд тоҷикро чун як миллати мутамаддин  дар ҷаҳон муаррифӣ кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg