Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли тақвияти робита бо маҳал эълон намудааст, дастгирӣ карда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро бо барнома ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно гардонида истодаанд.
- ҳамин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ангурбоғ”-и маҳаллаи Будиёни ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон ва бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа вохӯрӣ гузарониданд, ки сокинон аз шунидани суханрониҳои судманди масъулин ба худ таассуроти нек бардоштанд.