БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз саҳнаҳои сохтаву манфуронаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ дида барномаҳои ҳаҷвӣ ҷолибтаранд!

А.ҶОМӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти  ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва огоҳонидани сокинони маҳал аз ақидаҳои муғризонаву манфуронаи хоинони миллат бо ҷалби васеъи сокинони деҳаи мазкур ва ҷиҳати татбиқи Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Раҳимов Ҳоким вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он мавсуф  доир ба ҳама паҳлуҳои  масъалаҳои номбурда андешаронӣ карда, аз иштирокдорон барои дар амал татбиқ намудани  Аксияи зикргардида, ки барои  ободии Ватан ва осудагии рӯзгори мардум равона карда шудааст, инчунин бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум даъват ба амал овард.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки як гурӯҳчаи хоини наҳзатӣ дар Олмон саҳнасозӣ карда, кӯшиши фитна андохтан миёни ҷомеаро кардаанд. Аммо касе ба кинокомедияҳои ин лухтакони хориҷӣ дигар бовар надорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg