ПАНҶ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ доир гардид, дар назди ҷамъомадагон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Шомаҳмадзода Музаффар атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб маълумот дода, ҳозиринро ба иҷрои он ҳидоят намуданд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ оид ба иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ сурат гирифт.
Иштирокчиён Фақеров Ҳалимшер, Мирзоев Талбӣ ва Менглиева Мастура баромад намуда, қайд карданд, ки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия имрӯзҳо бо ҷаҳду талоши бештар баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз бумбасти комуникатсионӣ раҳонидани кишвар фаъолият намуда истодааст.
Бо боварӣ қайд намудан мумкин аст, ки хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии номбурда бисёр масъалаҳои мубрамро дар бар гирифта, баҳри мустаҳкам гаштани дониши сиёсии иштирокчиён мусоидат менамояд.