БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Халқи тоҷик бо ҳунари миллиаш машҳур буду ҳаст!

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Гулистон 3-и  ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ  тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста қайд кард, ки халқи тоҷикро маҳз аз рӯйи ҳунарҳои доштаашон дар байни дигар миллату халқиятҳо, ҳамчун мардуми дорои тамаддуни хос мешиносанду эътироф мекунанд.

Ин эҳтиром бештар ба занон марбут аст, зеро бештари маҳсулот дар шароити хона бо дастони назокатбори занону бонувон тайёр мешаванд.

Иштирокдорон зарур шумориданд, ки ҳунармандони касбиро мебояд ба духтароне, ки имрӯз аз ҳунармандӣ то дараҷае қафо мондаанд, бо камоли майл ҳунарҳои миллиро омӯзонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg