БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни ватанфуруш дар беҳаёӣ пурпуст шудаанд!

АНДЕША. Шукри Истиқлолияти Ватани азизамон, ки мо имрӯзҳо дар фазои сулҳу Ваҳдату оромӣ зиндагии шоиста ба сар мебарем. Аммо мутаасифона ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд ин давлати рушдёфтаистодаи моро боз ба солҳои 1992-юм баргардонанд. Ин ашхос аслан наҳзатиёнанд, ки имрӯзҳо сар ба сад дари хоҷагони хориҷиашон зада, мехоҳанд монеи пешравии Тоҷикистон гарданд. Чанд рӯз пеш дар Дортмунди Олмон чунин як нишасти иғвобарангез барпо карда, бо дуруғу туҳмат ва таҳқирҳои беохири худ нисбати давлату миллати тоҷик худашонро дигарбора шармандаву беобрӯ намуданд. Вале ин тоифаи хоин дигар на шармро медонанду на ҳаёро, онҳо ба қавли мардум “пурпуст” шудаанд.

Чанде пеш дар Васоити ахбори омма дар бораи Қиёмиддин Ғозев - яке аз пешвоёни динсиёсатбозони Тоҷикистон барнома пахш гардида, оид ба фаъолияти хоинонаи у маълумоти мухтасар доир гардид. Ҳарчанде Ғозиев аз кардаи худ пушаймон шуда, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида бошад ҳам, фарзандони қурбонгаштаи тоҷикро баргардонда намешавад. Ҳоло ҳам бошад ҳастанд хоиноне, ки байни мардум иғво меандозанд. Ин ҳам бошад 3-4 нафар наҳзатии лаънатӣ, ки дар Олмон чанд ҷавони хориҷии дигарро гирди худ ҷамъ карда гӯиё ҳамоиш карда бошад.

Онҳо чун солҳои навадум худро “ҷонфидо”-и адолат муаррифӣ намуда, кӯшиши худсафедкунӣ намуда истодаанд. Акнун, ки ниятҳои ифлосу ҷинояткоронаи роҳбарияти наҳзатиҳо, ки бо маблағгузорӣ хоҷагони хориҷиашон роҳандозӣ шуда буд, ошкор шудаву, амалӣ нагардид ва муносибатҳои зичи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бо охундҳои Эрон аён шуду амалҳои хиёнаткоронаи онҳо нисбати мардуми осоиштаи Ватанамон ошкор шуд, онҳо мехоҳанд худро сафед кунанд.

         Ба пули пуч намеарзад он баромадҳову ваъдаҳои дуруғи Кабирӣ, ки солиёни дароз дар назди ҳамҳизбону интихобкунандагони худаш «вазъ» мекард. Дар барномаҳои пешазинтихоботии худ, ваъда мекард, ки «…ҷамъияту миллатро ба худиву бегона» ҷудо накунанд. Аммо аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва тарафдоронашон халқро ба худӣ ва бегона ҷудо карда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба нобудкунии тоҷику тоҷикистониён машғул буданд. Дар интихоботҳо таҳти унвони «Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон барои ҳама» иштирок мекард, аммо байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, фақат як номи ҲНИ дар тафакури мардум мисли ҷиҳод, ҷангу харобазор ҷой гирифтааст. Аз ин лиҳоз дар интихоботҳо овоз намегирифт. Кабирӣ даъват ба он мекард, ки гуё манфиатҳои миллӣ, волотар аз манфиатҳои шахсӣ бошад. Ин гуфтаҳо амалӣ намешуданд, чунки Кабирӣ дар сафарҳои зиёди хориҷиаш, фақат манфиатҳои худ, нақшаҳои тиҷоратии худро ҳал мекарду омодагӣ ба табадулоти давлатӣ медид.

Аъзои ТЭТ ҲНИ ба мардум хизмат карда наметавонистанд, чунки аксарияти онҳо ба манфиати шахсии худ кор мекарданд, аз қафои тиҷорату ширкатҳои хусусии худ саргардон буданд. Як гурӯҳи дигари наҳзатӣ бошад, ба ном «нимчамулло»-ҳо ҷавононро бо усулҳои асримиёнагӣ, пинҳонӣ сабақ медоданд. Роҳбарони ҳизб (раис, муовинон, мушовирони раис ва фаъолоне, ки ягон функсияи муайян надоштанд) бошанд, ба расмиятпарастони корозмуда табдил ёфта, ҳамчун ҳашарот аз меҳнати ҷамъиятӣ озод буданд.

Наҳзатиҳо аз одамони хирадманду олимон дар ҳарос буданд, ки мабодо ниятҳои ифлоси онҳо ошкор нашавад. Маҳз бо фармони ТЭТ ҲНИ солҳои 90-ум хазинаи тиллоии зиёиён; арбобони сиёсӣ, нависандагон, олимон, духтурон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон ба қатл расонида мешуданд. Баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ, наҳзатиҳо дар худ шахсони бемаълумот ва таассубкорони диниро ҷалб мекарданд, маблағи асосии охундҳо додаро аслан роҳбарон барои қаноат кардани нафси худ истифода мебурданд.

Вақтҳои охири фаъолияти ҳизб як қатор ҷиноятҳояшон ошкор гардид, ки маънавиёт, иқтисодиёт ва саломатии одамон зарари ҷиддӣ расонид. Аммо вақте, ки аз ҷониби наҳзатиҳо ҷиноятҳои содиркардаашон ошкор мешуд, онҳо дар тамоми ВАО шуру ғавғо меандохтанд, ки гуё ба ном исломиҳо зери фишори Ҳукумат қарор дошта бошанд. Ин ҳолат то ҳол давом дорад.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон аз ҳамаи он хиёнату мардумфиребии наҳзатиҳо огоҳ буда, дигар роҳ намедиҳанд наҳзатиҳои ифротӣ мардумро фирефта созанд.

С. Ш. Ашуров-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg