БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонишҳои сиёсӣ – омили рушди мафкураи сиёсии ҷомеа

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳ» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо аъзои ҳизб хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Ии чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор шуда истодаанд.            

Бояд тазаккур дод, ки масъулин дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷамъбаст намудани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал инчунин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” андешаронӣ карда, иштирокдоронро  баҳри боз ҳам тозаю безарар ва сарфаву сариштакорона истифода бурдани ҳар қатра об ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg