ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Гагарини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳия вохӯрӣ бо сокинон атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим баргузор гардид.
Нахуст Носирзода Абдукарим зимни суханронӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар байни занону бонувон, рушди хунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ватанфурӯшонаи гурӯҳҳои ирфотӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар чорабинӣ сокинони деҳа маҳсули дастранҷи хешро ба намоиш гузоштанд, ки иштирокдорон аз ин намоишгоҳ дидан намуданд.