БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнати аъзои ТЭТ ҲНИ нобахшиданист!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон, бо иштироки муовини раиси-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» бо аъзову кормандони он вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсири идиологияи зиёновари гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ ба мафкураи миллӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 Зимнан Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, нисбати сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баррасӣ карда, инчунин дар идомаи суҳбат  моҳияи  Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба дарки ҷомеа расонида, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани  Аксияи мазкур ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg