
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимаи дуюми соли 2018 бо сокинони деҳаи дурдастарини ноҳия Маслуқ вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ Гадоӣ Сайдалиев дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои эсктремистиву террористӣ баромад карда, зикр намуд, ки гузаштаи таърихӣ ва ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рухдода аз он бозгӯи мекунанд, ки экстремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан бо иштироки намояндагони дини ислом дучор меоянд.
Фирӯз Пиров бошад оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ҷиҳати боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ даъват намуд.