
ФАРХОР. Дар робита ба иҷрои ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаи №5-и шаҳраки Фархор дар заминаи иқдоми ташкилоти ибтидоии навтаъсиси ҳизбии «Навбунёд» намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳаллаи зикршуда баргузор гардид.
Сокинони маҳалла зимни баргузории намоиш намунаи маҳсулотҳои ҳунармандии хешро, аз қабили заргарӣ, сӯзандӯзӣ, оҳангарӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагиро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз ин намоигоҳ иштирокдорон дидан карда ба ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Гӯшаи дигари намоишгоҳро намунаи анвои қаннодӣ ва дегҳои оши бурида зинат медод.
Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимова Маъмурбӣ ва Раҳмонов Далер иштирок карда оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.