ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати баргузории чорабиниҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи «Тамаддуни ориёӣ»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ бо ҷалби занони маҳал, аъзои ташкилоти ибтидоии «Тамаддуни ориёӣ» чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии маҳалла дидан намуданд, ки ҳамаи он гувоҳ аз ҳунарманд будани мардуми ин маҳал башорат медод.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон дар баромадаш доир ба моҳияти эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти мамлакат суханронӣ намуда, қайд намуд, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад.
Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан рафта қайд гардид, ки хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, яке аз омилҳои нангин ва ҳатарноки ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекунад.
Дар фароварди ҷамъомад ба якчанд нафар сокинони маҳаллаи Тамаддуни Ориёӣ, ки тоза ба сафи ҳизб қабул шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар ин радиф Исоева Хосиятхон ва дигар занони фаъол барои саҳми арзанда гузоштанаш дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.