НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо ҷалби истиқоматкунандагони деҳаи Кишноваи шаҳри Норак вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, боз ҳам ободу шукуфон кардани Тоҷикистони азиз, муқовимат бар зидди амалҳои коррупсионӣ, зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, беҳтару шоиста гардонидани зиндагии хеш, ки вазифаи ҳар як шаҳрванд дониста мешавад, суханронӣ намуданд.