БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Душманони миллат ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд!

МУЪМИНОБОД.  Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи А.Давлатови  ҷамоати шаҳраки Муъминобод бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор намуданд.

Дар мулоқот  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод С.Мирзошарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи-24, расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинон, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg