ЛЕВАКАНТ. Дар доираи татбиқи иқдоми ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон ва сехҳои дӯзандагӣ ташкил карда шуда, ба фаъолият оғоз намудаанд.
Яке аз инҳо сехи дӯзандагии «Мунис»-и шаҳри Левакант аст, ки то ба имрӯз дӯзандаҳо 350 адад сару либосҳои миллӣ ва инчунин, ба 421 нафар мактаббачагони аз синфҳои 6 то 11 шаҳри Левакант сару либоси мактабӣ фармоиш қабул намуда, дӯхта истодаанд.
Ҳадаф аз ташкил намудани чунин сехҳои дӯзандагӣ аз он аст, ки мо ҳунари миллати тоҷикро ҳамеша зинда нигоҳ дошта, барои худ зиндагии шоиставу арзандаро бо дастони худамон таъмин менамоем.