БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи амнияту суботи Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳизбиён аст!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарҳам” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор карда шуд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул дар назди ҳозирин ба сухан баромада, қайд кард, ки таҳкими пояҳои сулҳу субот аз самтҳои асосии фаъолияти ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.

 Бо ин мақсад мо кормандони масъули ҳизбӣ моҳияти тинҷиву осудагӣ ва ваҳдату ягонагиро миёни мардум тарғиб менамоем. Мусаллам аст, ки ҳар як давлату миллат дар натиҷаи пойдории амнияту субот метавонад марҳила ба марҳила рушду нумуъ ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Аз ин нуқтаи назар бар меояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зудтағйирёбанда ба қадру манзалати ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин доир ба дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg