ҚУБОДИЁН. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифитани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи баргузории нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тахти Сангин” дар деҳаи дурдасти Чкалови ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта бо ҷалби сокинон ва шахсони саховатпеша дар масофаи 10 километр таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, роҳ, ки солҳои тӯлонӣ рӯи таъмирро надида буд ва барои ронандагон мушкилӣ пеш меовард, мумфарш ва обод карда мешавад.
Сокинон аз чунин иқдоми нек сарфароз буда, ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои мантиқии сиёсати созандаи Асосгувзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.