ЁВОН. Дирӯз маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон баргузор гардид, ки масъалаи асосии он натиҷагирӣ аз фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм буд.
Оид ба ин масъала раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Мақсуд Раҳматуллоев ҳисоботи муфассал дода, вазифаҳои навбатиро барои шашмоҳаи дуюми соли равон муайян намуд.
Дар рафти баррасии ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Талко-кемикел» Холиқов Нозим, муовини раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Гурезова Мавлуда ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Бобобеков Хусрав ба музокира баромаданд.
Дар рафти музокира раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур суханронӣ намуда, ба кормандони Кумитаи иҷроия барои ташкили чорабиниҳо дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо ва тарғиби сиёсати созандаи Пешвои миллат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа миннатдорӣ баён намуд.
Аз рўйи масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис дар бораи маъракаи «Обуна-2019» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» узви Кумитаи иҷроия Тағоев Ҷамшед баромад намуда, ҳозиринро бо нақшаи обуна ошно намуд.
Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома оид ба тасдиқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва дарсҳои сиёсӣ дар шашмоҳаи дуюм раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромади муфассал намуд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳа ва ташкилотҳои зертобеъи он дар шашмоҳаи якуми соли равон ва вазифаҳои навбатӣ барои шашмоҳаи дуюми соли 2018 ба итмом расид.