ДӮСТӢ. Силсила вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамарӯза дар байни аҳолии деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷараён доранд. Маҳс бо ҷаҳду талоши роҳбарияти Кумитаи иҷроияи дар деҳаи Шӯрои ҷамоати деҳоти Деҳқонобод оид ба эълон намудани озмуни ҳизбӣ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Армуғони Хатлонӣ», Аксияи тарғиботии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо занону духтарони деҳоти номбурда суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷоннок намудани ҳисси зебоипарастӣ ва завқи баланди занону духтарони деҳот мебошад.
Имрӯзҳо ҳадафи асосии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ пеш аз ҳама, мардумро дар роҳи дурусти ҳаёт, расидан ба қуллаи муроди зиндагӣ ва осоиштагии рӯзгор, бо ҳунару касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон бахусус занону духтарон, ҷилавгирӣ намудан аз гароиш ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ ва ба роҳи рушд роҳнамо сохтан аст.
Дар рафти чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қурбонгул Маҳрамова фаъолияти хуби ташкилотро дар якҷоягӣ бо занону духтарони деҳот ва намоиши маҳсули дастранҷи онҳоро муаррифӣ сохт.