ДАНҒАРА. Беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, дар ҳамин радиф фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуботи Тоҷикистон аз маромҳои авваландираҷаи ҲХДТ ба ҳисоб рафта, ин ниҳоди сиёсии ҷомеа ҷиҳати амалӣ гардонидани чунин ҳадафҳо то имрӯз тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намудааст, ки шароити зиндагии аҳолӣ далели равшани фаъолияти густурдаи ин ниҳод маҳсуб мегардад. Давлату Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми сарчашмаҳо барномаҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонида истодааст, то ки шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагии шоиста ва арзандаро дошта бошанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Гулафшони Поёни ҷамоати деҳоти Оқсу хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир карда шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок ва атрофи масъалаҳои номбурда дар назди ҷамъомадагон андешаронӣ намуд.